Русия дар робита ба напардохтани 3 миллиард доллар алайҳи Украина ба додгоҳ шикоят бурд.
Ба гуфтаи вазири молияи Русия Антон Силуанов, шикоят ба Додгоҳи олии Лондон бурда шудааст. Ин вазир гуфт, "баъди чандин талоши нокоми ҷалби Украина ба гуфтугӯи созанда дар бораи ба танзим даровардани қарз ва водор кардани ин кишвар, ки қарздории худро бипазирад", Русия маҷбур шудааст ба додгоҳ шикоят барад. Муҳлати қарзи Украина 20 декабри соли гузашта ба поён расида буд.
Украина дар замони президентии Виктор Янукович дар охири соли 2013 аз Русия қарз гирифта буд. Баъди ду моҳи қарзгирӣ Янукович аз кишвар фирор кард. Дар ҳоли ҳозир Украина дар мавриди таҷдиди қисми зиёди қарзҳояш ба тавофуқ расидааст. Мақомоти Украина мегӯянд, наметавонанд ба Русия шартҳои беҳтаре нисбат ба қарздиҳандагони дигар пешниҳод кунанд.