Таркиши бузурге дар Анкара-пойтахти Туркия 28 нафарро кушта ва 61 нафарро захмӣ бар ҷой гузошт. Ин таркиш дар соатҳои гиру бори рафту омади одамон ба кор дар наздикии ситоди низомиён ва бинои порламон рух дод.
еҳмет Киличлар гуфт, ин таркиш корвони автобусҳои ҳомили низомиёро ҳадаф қарор дода буд. Бино ба гузоришҳо, чанд мошин оташ гирифтааст ва даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ба маҳали воқеа шитофтаанд.
Ожонси хабарии давлатии Туркия мегӯяд, ки баъд аз ин таркиш ҳукумат бар матбуот назорат ҷорӣ кардааст. Эълон накардаанд, ки чӣ нируҳое дар паси ин таркиш қарор доранд.
Вақтҳои охир дар Туркия шӯришиёни курд, тундравҳои Давлати Исломӣ ва гурӯҳҳои тундрави чапгаро таркишҳо анҷом додаанд. Моҳи октябр дар таркишҳои маргталабона тундравҳои Давлати Исломиро муттаҳам карда буданд.
Ин таркишҳо раҳпаймоии сулҳомезро ҳадаф қарор дода буданд ва дар назди истгоҳи асосии роҳи оҳани Анкара рух доданд. Дар онҳо 102 нафар кушта шуда буданд.