Пажӯҳиш: таблиғоти Русия дар Қирғизистон

Дар соли 2015 дар Қирғизистон таъсири таблиғоти Русия ҳамоно дар сатҳи баланд боқӣ мондааст.

Дар ин бора дар таҳқиқоти "Забони душманона дар расонаҳо, Интернет ва маҳзари ом - 2015", ки гуруҳи таҳлилии Мактаби сулҳофар ва технологияи иттилоотӣ омада кардааст, хабар дода мешавад.

Муаллифон мегӯянд, дар соли 2015 дар Қирғизистон се тамоюле ба назар гирифта шудааст, ки дар фазои иттилоотӣ ва мухотабони ҷумҳурӣ таъсир доштаанд.

"Аввалан, ин - афзоиши ҳарос буд, ки солҳои пештар мушоҳида намешуд. Назарсанҷиҳо нишон дод, ки чунин навъҳои бетаҳаммулӣ, мисли бегонаҳаросӣ, исломҳаросӣ ва ҳарос аз ҳамҷинсгароён дар расонаҳо ва нашрияҳои интернетӣ дар шакли ошкоро ва пардапӯшона баён шуд", - менависанд муаллифони пажӯҳиш.

Хабар дода мешавад, ки ин ҳаросҳо дар натиҷаи афзоиши гурезагони Сурия дар Аврупо, далелҳои ҷалби қирғизистониҳо ба сафҳои "Давлати исломӣ", афзоиши бадбинӣ миёни мардуми маҳаллӣ нисбати гурезагон ва хориҷиён, баҳсҳо атрофи қонуни таблиғоти ҳамҷинсгароён рабт дорад.

"Сониян, тавре дар боло ишора шуд, таъсири таблиғоти Русия ҳамоно дар сатҳи боло қарор дорад. Баъдан, зуроварӣ ва зургӯӣ дар Интернет бештар паҳн шудааст. Корбарони интернетӣ дар баҳсҳо фаъолона ширкат мекунанд ва бо забони хашин баҳс меороянд, ки ин ҳам барои корбарони Интернет ва ҳам барои ҷомеа хатари ҷиддие ба бор хоҳад овард", - хабар дода мешавад дар таҳқиқот.