Манъи либоси мазҳабӣ дар додгоҳҳои Босния

Эътирози занон зидди манъи пӯшидани ҳиҷоб дар Сараево

Дар Боснияву Ҳерсоговина олитарин сохтори ҳуқуқӣ манъи пӯшиши ҳиҷоб ва дигар анвои либоси мазҳабиро дар додгоҳ ва дигар сохторҳои ҳуқуқии кишвар пуштибонӣ кард. Бо вуҷуди эътирозҳои шадид дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони Босния, қарори мазкур рӯзи 11 феврал аз ҷониби Шӯрои олии ҳуқуқӣ ва додситонии кишвар дуруст арзёбӣ шуд. Қарор аз кормандони додгоҳҳо ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ талаб мекунад, ки дар маҳалли кор аз пӯшидани либоси мазмуни мазҳабӣ дошта худдорӣ кунанд. Сабаби аслии эътирозҳо – махсуан манъ шудани ҳиҷоби исломӣ шудааст. Дар ҳоле, ки қарори мазкур ҳанӯз октябри соли гузашта қабул шуда буд, танҳо ду ҳафта пеш иҷрои онро ҷиддан талаб карданд. Бузургтарин эътирозро дар ин замина рӯзи 7 феврал занону духтарони сокини Сараево ташкил карданд, ки ҳудудан 2000 нафар буда, қарорро муғоир бо озодиҳои шаҳрвандиву динии худ арзёбӣ карданд.