Ҳамкориҳои амниятии ИМА бо Узбакистон

Памела Спратлен

Амрико омода аст, дар бахши амният бо Узбакистон ҳамкорӣ кунад. Дар ин бора Памела Спратлен, сафири Амрико дар Узбакистон, сӯҳбат кард ва гуфт, ки дар ин бахш амният дар Узбакистон ва умуман дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.

Сафири Амрико афзуд, Узбакистон кишвари сераҳолӣ дар минтақа ба шумор меравад ва бо ҳамаи кишварҳои минтақа марзи муштарак дорад.

Памела Спратлен ба матбуот гуфт, бо назардошти ин ки Узбакистон бо Афғонистон наздик аст, барои таъмини суботу оромӣ дар минтақа Узбакистон метавонад тарафи аслии ҳамкори Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад.