Дар Эрон маросимҳои баргузории ҷашни 37 солагии Инқилоби исломӣ идома дорад. 11 феврал дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари кишвар раҳпаймоиҳо баргузор шуд ва ширкаткунандагон бар зидди Амрикову Исроил шиор медоданд.
Бино ба гузоришҳо, Луис Фаррахон-раҳбари зиддунақизи Ҷунбиши исломӣ, ки марказаш дар Амрико мебошад, дар баробари ширкаткунандагони раҳпаймоии Теҳрон баъд аз суханронии Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон сӯҳбат хоҳад кард.
11 феврали соли 1979 пайравони Оятуллоҳ Хумейнӣ шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавиро, ки аз Амрико ҷонибдорӣ мекард, аз мақом барканор карданд.
Соли ҷорӣ солгарди инқилоб дар ҳоле баргузор мешавад, ки таҳримҳои Ғарб бар асоси тавофуқоти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон лағв шудааст. Ин таҳримҳо дар ивази маҳдудияти фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аз миён бардошта шуд.