Пирузии Трамп ва Сандерс дар интихоботи аёлатӣ

Сандерс ва Трамп

Миллиардер Доналд Трамр-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва сенатор Бернӣ Сандерс-номзади Ҳизби Демократ аз ҳизбҳои худ дар мусобиқаҳои интихоботи дар аёлати Нию Ҳемпшир пирӯз шуданд.

Баъд аз хатми райдиҳӣ дар соати 8 бегоҳ натиҷаҳои аввалин нишон медоданд, ки Трамп бо 34 дарсади оро дар миёни номзадҳои ҷумҳурихоҳ дар сафи пеш қарор дорад. Трамп, ки мехоҳад вуруди мусулмонон ба Амрико муваққатан қатъ гардад, ба ситораи телевизионӣ табдил ёфтааст.

Аз номзадҳои демократ Сандерс бо 58 дарсади оро дар ин аёлат баранда шуд.Сандерс гуфт, “шумо метавонед бовар кунед, ки пирузии имшаби мопосухи зуд ва навмедонаи нухбагони молии кишвар ва идораи сиёсиро ба бор хоҳад овард, то аз маъракаи мо дар роҳи гузори Амрико пешгирӣ кунанд”.

Хонум Ҳилларӣ Клинтон-номзади дигари демократҳо ғайричашмдошт бо 40 дарсади оро дар мақоми дуввум қарор гирифт ва мусобиқаро ба Сандерз бохт.

Аммо гурӯҳи интихоботии вай мегӯяд, ки онҳо дар моҳи оянда дар иёлоти муҳофизакор мисли Каролинаи Ҷанубӣ ва Невада дастболо хоҳанд шуд.