Аз Петербург алакай 153 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои шаҳри Санкт-Петербург мегӯянд, аз аввали соли равон аз ин шаҳри Русия алакай 153 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Ба ҳисоби ин ниҳод, дар тӯли соли 2015 аз Петербург беш аз 2000 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон будаанд. Хадамоти приставҳои Петербург мегӯяд, тақрибан ҳар рӯз як гурӯҳи муҳоҷиронеро, ки бо ҳукми додгоҳ аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд, аз тариқи фурудгоҳи Пулково ба кишварҳои зодгоҳашон мефиристанд. Ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январ шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст.