Қазоқистон: "Пул на барои худнамоӣ, барои рушд аст"

Дар Қазоқистон тавассути филмҳои тасвирӣ мардумро ба сарфакорӣ даъват мекунанд: пулро захира кунед, чароғҳои хонаро беҳуда рӯшан нагузоред ва дар тӯйҳову шабнишиниҳо иштиҳоятонро бикушед - садо медиҳад дар филми тасвирӣ.

Филми тасвирӣ дар бораи иқтисодиёт ва муҳаббат ба "худнамоиро" гуруҳи рассомон, тасвирсозон ва оҳангсозони шаҳри Алмаато офаридаанд, менависад сомонаи Forbes.kz.

Темур Шайткалиев, яке аз муаллифони ин филм мегӯяд, набояд аз ин навор ранҷид, балки бояд аз он дарси ибрат гирифт.

"Кайҳо фурсат фаро расидааст, ки мо сарфакор бошем. Дар кишварҳои пешрафта сарфакорӣ як амали маъмулӣ аст, дар кишвари мо бошад - сарфакориро нишони нодориву номуваффақӣ медонанд. Эҳтимол, дар ин филм касе шахсияти худро шиносад ва барои рушди худ, ояндаи худ талош варзад, на барои хушгузарониҳояш", - мегӯяд Темур.

Аммо мутахассисони бахши таблиғот аз эҳтимол дур намедонанд, ки филми тасвирӣ таблиғи Бунёди амонатҳои бо кафолати Қазоқистон бошад.