Муроҷиатномаи видеоии овозхони поп Тамила (аз рӯйи шиносонома Эсмералда Раҳматова) дирӯз дар сафҳаи хусусиаш дар шабакаи иҷтимоии Facebook пайдо шуд.
Овозхон савори мошини хусусиаш дар кӯчаҳои Тошканд шабона мегӯяд, ки феълан дар Ӯзбекистон қарор дорад. Вай ҳамчунин мегӯяд, он навори “бешармонаи” видеоӣ, ки ҳафтаи гузашта дар пайёмрасони Telegram гӯё бо ширкати вай пайдо шудааст, ба ӯ ҳеҷ рабте надорад.
“Корбарони мӯҳтарами шабакаҳои иҷтимоӣ. Мехоҳам аз шумо қотеъона хоҳиш кунам, маро ба ин навори бешармонаи видеоӣ, ки шаҳвонӣ аст, омезиш надиҳед. Зеро ин навори видеоӣ ба ман ҳеҷ рабте надорад. Ягон робитае надорам. Пештар таҳқиқот тасдиқ кард, ки ин маводи видеоӣ сохтакорист ва инро коршиносон малъум кардаанд. Ҳоло ман дар Тошканд, шаҳри дӯстдоштаам ҳастам. Худ шоҳид ҳастед, ки ман ба ҳеҷ куҷое накӯчидаам ва фикри фирор ҳам надоштам”, - мегӯяд овозхон Тамила дар паёми худ.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз пайдо шудани ду навори видеоии шаҳвонии дар Интернет, иттиҳодияи ҳунарии “Ӯзбекнаво” хабар дод, ки иҷозатномаи фаъолияти ҳунарии овозхон Тамиларо бекор кард ва ҳамакнун вай наметавонад дар дохил ва хориҷ аз кишвар ҳунарнамоӣ кунад.