Телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ рӯзи 7 феврал хабар дод, ки бо амри раҳбари кишвар Ким Чен Ин партоби моҳвора ба кайҳон сурат гирифт. Пхенян хабар дод, ки партоби маҳвора бо муваффақият анҷом ёфтааст. Ба иттилои расмӣ, маҳвораи «Кванмёнсон-4» тайи 94 дақиқа гирди заминро давр мезанад.
Дар изҳороти расмии Пхенян гуфта шудааст, ки Кореяи Шимолдӣ аз ин ба баъд ҳам партоби маҳвораҳо ба фазоро идома хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол низомиёни Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА гуфтанд, Пхенян бо партоби маҳвора санҷиши мушакии балластикии дорои таҷҳизоти ҳастаияшро рӯпӯш кардан мехоҳад. Вошингтон ин амали Кореяи Шимолиро «дасиса» ва талоши ноором кардани авзоъ арзёбӣ намуд.
Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ ҳам аз хабари ахир изҳори таассуф кард ва аз Кореяи Шимолӣ хост то аз ин баъд аз гомҳои таҳрикомез кор нагирад.
Қарор аст, ки Шӯрои амнияти СММ шоми якшанбе бо дархости ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мавзӯи густариши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Пхенянро баррасӣ кунад.
Моҳи гузашта Кореяи Шимолӣ дар бораи озмоиши муваффақи бомбаи ҳидрогенӣ хабар дода буд.