Шикори як морхӯр дар Даштиҷум - 55 ҳазор доллар

Қимати шикори бузи пармашох ё морхӯр, ки дар қисматҳои ҷанубии Тоҷикистон саршумори он рӯ ба афзоиш аст, аз 40 ҳазор доллари қаблӣ ба 55 ҳазор доллар расидааст.

Бузи пармашоҳ аз гаронтарин сайдҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба гуфтаи мақомоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, шикорчиён барои сайди он бояд ҳамакнун 55 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кунанд.

Ҳоло саҳмия ва ё квотаи шикори ин бузи нодир бештар шуда ва қимати онҳо низ боло рафтааст. Соли гузашта квотаи шикори пармашох дар Хатлон се саршумор буд ва барои шикори ҳар яктои он 40 ҳазор доллар пардохт мешуд. Аммо имсол саҳмияи он ба панҷ расидааст, ки назар ба соли гузашта 2 сар зиёд мебошад.

Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори Рёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯяд, ки тибқи нақша, соли равон иҷозаи шикори 5 бузи пармашохро пайдо карданд. Ба гуфтаи вай, аз 3 то 5 сар расонидани саҳмияҳои шикори бузи пармашох, ба хотири афзоиши он

дар ҷангалзорҳои Даштиҷуми ноҳияи Шӯробод мебошад. Шумораи бузҳои пармашоҳ дар ин минтақа дар соли 1992 тақрибан ба 300 сар мерасид ва ҳоло ба гуфтаи мақомот, ба беш аз 1400 расидааст.

Шамсиддин Раҳмонов, сардори Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯяд, ки соли гузашта аз ҳисоби шикори се бузи пармашох ба будҷаи давлат 562 ҳазору 964 сомонӣ ворид шуда буд. Вай гуфт, умедворанд, ки имсол аз ҳисоби шикори ин бузи нодир ба будҷаи кишвар даромади бештар ворид хоҳад шуд.

Шамсиддин Раҳмонов мегӯяд: "Соли 1992 саршумори пармашохҳо кам шуда буд ва ҳоло тибқи мониторинг маълум шуд, ки саршумори он зиёд шудааст. Ин ҳам таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёд мекунад ва ҳам барои будҷаи кишвар фоида меорад."

Пармашох аз бузҳои нодире мебошад, ки наринаи он шохҳои бузург ва дарози тобхӯрдае дорад ва дар феҳристи ҳайвоноти нодир шомил мебошад. Ин бузро дар баъзе минтақаҳо морхӯр ҳам мегӯяд, ки қадаш аз як метр баландтар ва аз 100 килограм бештар гӯшт дорад, ва шикорчиён бештар барои шохҳои дарози тобхӯрдааш, онро шикор мекунанд.

Дар Тоҷикистон бузи пармашох ё морхӯр дар ҷангалзорҳои Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод ва қисмати Яхчи ноҳияи Дарвоз мавҷуд аст. Масъулони Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯяд, ки бузҳои пармашох дар назорати пайвастаи ҷангалбонҳо қарор доранд, то аз шикорҳои худсарона эмин бимонанд.

Тӯйчӣ Икромов

Тӯйчӣ Икромов, раиси ширкати шикории "Морхӯр" дар ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ки ширкати онҳо соли 2015 муроҷиати як шикорчиро аз Филиппин ва ду нафари амрикоиро дар мавриди шикори бузҳои пармашох ё морхӯр, пайдо карда буд.

Ҷаноби Икромов афзуд, ки талабот натанҳо ба шикори пармашохҳо, балки ба бузу гӯсфанди кӯҳӣ ва хукҳои ин ноҳия аз сӯи шикорчиёни хориҷӣ бештар будааст: "Ин шикорчиён тариқи ширкатҳое, ки мо ҳамкорӣ дорем, моро пайдо мекунанд. Ширкати "Морхӯр" соли 2015 ба будҷаи кишвар 700 ҳазор сомонӣ гузаронид. Шикоргоҳи мо 18 ҳазору 504 гектар масоҳат дорад."

Масъулини ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар баробари зиёд шудани бузи пармашох дар ҷануби кишвар, онҳо талош мекунад, ки ин бузҳои нодирро аз нестшавӣ ҳифз кунад. Ба ҳамин хотир, дар фасли зимистон ба онҳо хӯроки иловагӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи ин масъулон, дар Идораи ҷангали минтақа 7 парваришгоҳи пармашохҳо таъсис ёфтааст, ки барои ҳифзи ин бузҳои нодир фаъолият мекунад: "Назорати инҳо ба зимаи мо ҳаст. Ҳоло, ки дар кӯҳҳо барф аст, коҳ медиҳанду нигоҳубин мекунад. Дигар шикорҳои ғайриқонунӣ нест."

Дар ҷануби Тоҷикистон натанҳо саршумори бузҳои пармашох, балки дигар ҳайвоноти нодир низ рӯ ба афзоиш мебошад. Аз ҷумла дар "Бешаи палангон"-и ноҳияи Ҷилликӯл саршумори оҳуи бухорӣ, ки 10 сол қабл ба 85 сар мерасид, ҳоло ба 400 расидааст. Ҳамин тариқ саршумори гӯсфандони кӯҳӣ, ки солҳои қаблӣ хел кам буд, ҳоло ба беш аз 300 сар афзоиш ёфтааст.