Корбарони Интернет дар Тоҷикистон 800 000 кам шуданд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки шумори корбарони телефонҳои мобилӣ ва ҳам истифодабарандагони интернет дар кишвар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти тозаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи корбарони фаъоли телефонҳои мобилӣ дар кишвар 1 миллиону 200 ҳазор ва истифодабарандагони интернет то 800 ҳазор кам шудааст.

Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 5 феврал ба хабарнигорон гуфт, теъдоди корбарони интернети мобилӣ ва кабелӣ дар Тоҷикистон ҳоло ба 3 миллион мерасад, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 800 ҳазор нафар камтар аст. Холмуродова мегӯяд, дар кишвар беш аз 11 миллион симкорт вуҷуд дорад, аммо шумораи истифодабарандагони фаъоли телефони мобилӣ 5 миллиону 200 ҳазор нафар аст.

Ин мақоми хадамоти алоқа гуфт, ки дар гузашта 6 миллиону 400 ҳазор нафар аз истифодабарандагони фаъоли телефонҳои мобилӣ буданд. Коҳиши корбарони интернети мобилӣ ва умуман интернет дар Тоҷикстонро Татяна Холмуродова ба кам шудани қобилияти харидории мардум дар пайи таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ марбут донист.

Арсаи мухобирот дар Тоҷикистон аз ангуштшумор соҳаҳое буд, ки тайи ҳадди ақалл даҳ соли охир рушди бемайлон дошт ва ҳар сол хадамоти алоқа бо ифтихор аз бештар шудани шумораи корбарони интернет ва алоқаи мобилӣ гузориш медод. Ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани шумораи корбарони интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон дар як соли ахир собиқа надорад.

Ҳарчанд масъулони хадамоти алоқа таваҷҷуҳи ками корбаронро ба интернету алоқаи мобилӣ ба буҳрони иқтисодӣ рабт медиҳанд, аммо нозирони умур мегӯянд, ки маҳдудиятҳои охир, дар дастрасии корбарон ба шабакаи интернет ва ҳам боло рафтани қимати аксизҳо сабаби рукуди ин соҳа шудааст.

Соли гузаштаи 2015 нахуст бо ташаббуси Кумитаи андози Тоҷикистон мизони андози аксизии алоқаи барқӣ аз 3 дарсади қаблӣ то ба 5 дарсад боло бурда шуд. Баъдан, тобистони соли гузашта хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо судури як амр иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро ба якборагӣ то 18 баробар боло бурд. Агар дар гузашта иҷораи як рақам дар як моҳ ба 10 дирам баробар буд, пас аз амри хадамот ин қимат ба 1 сомониву 82 дирам расонда шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Корбарони Интернет дар Тоҷикистон 800 000 кам шуданд

Ширкатҳои мобилӣ дар навбати худ ин маблағи иловагиро аз ҷайби муштариён меситониданд, ки табъан қимати гуфтугуҳои телефониро боло мебарад. Бинобар ҳисобҳои коршиносон, танҳо муштариёни фаъол дар як сол аз ин ҳисоб 139 миллион сомониро иловатан ба буҷаи хадамоти алоқа ворид мекунанд.

Кулли ин маҳдудиятҳо дар маҷмӯъ ба гароншавии нархи гуфтугӯҳои мобилӣ ва трафики интернетӣ овард ва дар натиҷа шумори муштариён коҳиш ёфт.

Рустам Гулов, як корбари фаъоли интернет ва муассиси аввалин пойгоҳи маҳаллии блогҳо − Блогистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки сифати хидматрасонии интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир бадтар шуда, нархаш баръакс гарон шудааст.

Ба қавли ӯ, “то солҳои охир арсаи мухобирот дар Тоҷикистон пешрафта буд. Ҳатто аввалин алоқаи мобилии стандарти 3G қабл аз кишварҳои дигар маҳз дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд. Аммо тайи ду соли охир мо аз ҳамсояҳо қафо мондем. Барои мисол нарх ва суръати интернет дар Қирғизистон ба маротиб аз мо дида тезтару нархаш ҳам арзонтар аст.”

Дар Тоҷикистон чор ширкати бузурги мобилӣ – Бабилон, Мегафон, Билайн ва Тселл ба муштариён хидматрасонии гуфтугӯҳои мобилӣ ва интернети мобилӣ ироа мекунанд. Дар бозори интернет беш аз 10 ширкат фаъолият дорад.