Корбарони Интернет 800 000 кам шудаанд

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди корбарони Интернет дар кишвар то 800 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 4 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон итилоъ дод.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир бо шумули интернети мобилӣ 3 миллион нафар аз интернет истифода мекунанд, ки аз соли қаблӣ 800 ҳазор нафар камтар аст. Ба қавли Холмуродова, шумораи корбарони фаъоли телефони мобил низ аз 6,4 миллион ба 5,2 миллион коҳиш ёфтааст.

Ин мақоми Хадамоти алоқа сабаби коҳиши шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва Интернетро "ба таъсири манфии бӯҳрони молӣ" рабт дод.