Вазири дифоъи Амрико гуфтааст, Арабистони Саудӣ дар садад аст дар мубориза алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” фаъолтар шавад.
Эштон Картер, раҳбари Пентагон, зимни вокуниш ба баёнияи мақомоти Саудӣ дар мавриди имкони эъзоми неруҳои заминӣ ба Сурия дар сурати мувофиқати Амрикодар ин бора ибрози назар кардааст.
Бино ба хабари ожонсии Associated Press, генерал Аҳмад Асирӣ, фармондеҳи неруҳои Арабистони Саудӣ гуфтааст, ин ибтикори Эр-Риёд дар мулоқоти Брюссел дар авохири моҳи ҷорӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки теъдоди неруҳои эъзомии Саудӣ ба Сурия си қадар хоҳад буд.
Зимнан, ба далели идомаи даририҳо дар Сурия гуфтушуниди ҳайати давлати Сурия бо мухолифон дар шаҳри Женева мутаваққиф шуд.