Аҳмадшоҳ чӣ гуна ба асорати қочоқчиён афтид?

Шӯрообод

Мақомот мегӯянд, ки ду рафиқи Аҳмадшоҳ Шеров дар боздошт қарор дошта, алайҳи онҳо ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти махсус Аҳмадшоҳ Шеров - сокини ҳаждаҳсолаи деҳаи Ёли ноҳияи Шӯроободро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон озод кардаанд. Ин гурӯҳ таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё қарор доштааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 4 феврал гуфт, ки Аҳмадшоҳ Шеровро дӯстонаш – Алишери Абдуҳафиз ва Раҳималии Шариф ба дасти қочоқбарон супурдаанд. "Онҳо дар ивази ҳамдеҳаи худ аз қочоқбарони афғон се халта маводи мухаддир бо 55 бастаи ҳашишро гирифта, қасд доштанд, ки ба пойтахт интиқол диҳанд," – гуфта мешавад дар хабари расмии КДАМ.

Мақомот мегӯянд, ки ҳоло Абдуҳафиз ва Раҳималӣ дар боздошт қарор дошта, алайҳи онҳо ва инчунин Назрихудо валади Паҳлавондарё - шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Абдуҳафиз Шеров дар синфи 11-и мактаби миёнаи Ёл ва Раҳималии Шариф дар Литсейи касбии хизмат ва туризми ноҳияи Шӯрообод таҳсил доштаанд. Абдуҳафиз Шеров, падари Алишери Абдуҳафиз, рӯзи 4 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса шоми 9 январи соли ҷорӣ рух дода, аз он замон боз фарзанди ӯ дар боздошт қарор дорад.

Ӯ афзуд, "субҳи 9 январ ҷиянам Аҳмадшоҳ ҳамроҳи Раҳималӣ омад, ки ба кӯҳ барои ҷамъоварии ҳезум меравем. Алишер хоб буд ва ман гуфтам, ки ӯро бедор накунанд. Онҳо пинҳонӣ аз ман табарро гирифта, ба ҷангал рафтаанд. То нимашаб писарам наомад ва саҳар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ карданд, ки сарбозон писар ва ҷияну ҳамдеҳаатонро боздошт кардаанд. Аз ҳамон рӯз дар СИЗО-и Кӯлоб нигоҳ дошта мешаванд."

Хонаводаи Алишер мегӯянд, ки писари онҳо дар қочоқи маводи мухаддир даст надорад ва умед бар он бастаанд, ки бегуноҳии писарашон дар додгоҳ исбот хоҳад шуд.

Абдурозиқ Содиқов, мудири маорифи ноҳияи Шӯрообод, ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло онҳо як гурӯҳи махсус таъсис дода, аз ин деҳа дидан мекунанд. Ба гуфтаи Розиқов, ин кор дар замони таътили зимистонаи мактаббачаҳо ва шабона рух додааст.

Аммо Майрамбӣ, як сокини рустои Ёл, ба Озодӣ гуфт, то ҷое Алишер ва Аҳмадшоҳро мешиносад, бовар намекунад, ки ин ду ҷавон ба қочоқи маводи мухаддир даст зада бошанд. Ӯ мегӯяд, замоне ин ҳодисаро шунид, худ ҳайрон шуд, ки ба ин ду кӯдак чӣ намерасид, ки ба ин ҷинояти сангин даст задаанд?

Майрамбӣ афзуд, "мо дар ҳамин деҳа зиндагӣ дорем. Ин ҳодиса ҳоло ба ҳама ҷо паҳн шудааст. Ҳеч кас бовар намекунад, ки ин ду нафар ба ҳамин ҷинояти калон ё нашъаҷалобӣ даст зада бошад. Ҳардуяш бачаҳои хуб буданд. Ҳоло ҳама ҳайронанд."

Шӯрообод яке аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки мавориди зиёди интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин минтақа ба мушоҳида расидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад.