Тохтар Толешов -соҳибкори сарватманди Қазоқистон, ки бо Русия иртиботи наздик дорад ва 30 январ боздошт шудааст, ба боздоштгоҳи мувваққатӣ фиристода шуд.
Вакили мудофеи Толешов 3 феврал гуфт, зерҳимояи вай барои сармоягузории ҷиноятҳои созмонёфта ва эҳтимоли тавлиду тақсими доруҳои ғайриқонунӣ гунаҳгор дониста мешавад.
Вакилони мудофеъ мегӯянд, ки додгоҳи шаҳри Шимкент барои 2 моҳ ҳукми боздошти муваққатии Толешовро содир кардааст. Толешов дар ҷануби Қазоқистон раиси иҷроии бузургтарин корхонаи пивапазӣ мебошад.
Вай раҳбарии дафтари қазоқии созмони русии Маркази таҳлили хатарҳои террористиро бар уҳда дошт. Толешов ҳамчунин мушовири порламони Русия дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва умури мазҳабӣ аст.