Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал пешниҳоди Маҷлиси Намояндагонро дар бораи “мувофиқати тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ” баррасӣ хоҳад кард. Матни тарҳи тағйиру иловаҳо рӯзи 22 январ баъди тасвибаш аз сӯи вакилони парлумон ба Додгоҳи конститутсионӣ фиристода шуда буд. Танҳо баъд аз хулосаи ин ниҳод, рӯзи раъйпурсӣ эълон мегардад. Санаи баргузории референдум ва ё раъйпурсиро парлумони Тоҷикистон баъд аз хулосаи Додгоҳи қонуни асосӣ эълон хоҳад кард.
Ин тарҳи тағйиру иловаҳо аз 41 банд иборат буда, бештар аз тағйири калима ва ибораҳо иборат аст. Вале коршиносон мегӯянд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ дар сурати тасвибаш ба Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад. Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон, ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақалл барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд.
Баъдан, бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ, бино ба нусхае, ки ба дасти Озодӣ расид, ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."
Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.