Маскав иттиҳоми Лондон дар бораи ташаннуҷи ҷанги Сурия дар пайи амалҳои Русияро “дурӯғгӯии хатарнок” унвон кард. Ин суханҳоро намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова зимни шарҳи иддаои вазири корҳои хориҷии Бритониё Филип Ҳэммонд баён дошт. Ҳэмонд изҳор дошт, ки Русия талошҳои Ғарб барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурияро бесамар месозад.
Дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters вай гуфт, ки зарбаҳои ҳавоии Русия танҳо ҳимояти президент Башор Асадро ҳадаф доранд. Ин кор, ба бовари вазири бритониёӣ, мавқеи исломгароёнро тақвият дода, мавҷи гурезаҳо аз минтақаҳои ҷангзадро бештар мекунад. Ба гуфтаи Ҳэммонд, ин ҳама мухолифи вазифаҳое мебошад, ки Москва онҳоро расман эълон мекунад.
Ба гуфтаи вазири бритониёӣ, камтар аз 30 дарсади зарбаҳои ҳавоии Русия ба муассисаҳои вобаста ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” зада мешаванд. Бештаре аз зарбаҳо зидди мухолифони муътадил равона шудааст, ки бо нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд.
Тибқи изҳороти расмии Маскав, ҳавопаймоҳои русӣ ба “мавзеъҳои террористон” дар Сурия зарбаҳои дақиқ мезананд. Аммо намояндаҳои созмонҳои башардӯстона мегӯянд, ки қурбониёни ин зарбаҳо асосан сокинони осоиштаанд.