Теъдоди мусофирон дар ширкатҳои ҳавоии "Точик Эйр" ва "Сомон Эйр" мутаносибан 16,1 ва 17,1 дарсад ё 307 ҳазор мусофир коҳиш ёфтааст.
Ҳамлу нақли бору багоҷ ва почта низ тавассути роҳҳои ҳавоӣ то 21,7 дарсад коҳиш ёфта ва 2111 тоннаро ташкил додааст.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт дар нишасти хабарӣ дар рӯзи 3 феврал далели ин амрро ба бӯҳрони молӣ ва коҳиши теъдоди муҳочирони корӣ дар соли 2015 марбут хонд.
Дар соли гузашта 41 дарсадаш аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва мутабоқӣ тавассути ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ анҷом шудааст.