Афғонистон ба Эътилофи алайҳи ДИИШ пайваст

Ҷон Керрӣ аз пайвастани Афғонистон ба Эътилофи алайҳи ДИИШ хабар дод

Давлати Афғонистон тасмим гирифтааст ба Эътилофи байналмилалӣ алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шавад.

Дар ин бора Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи гузашта дар ҷаласаи ин эътилоф дар Италия хабар додааст.

Ҷон Керрӣ аз ин иқдоми давлати Афғонистон истиқбол карда ва онро дар мубориза алайҳи таҳдиди муштарак муҳим хондааст.

Бад ин тартиб, Афғонистон 66-умин кишвар аст, ки ба Эътилофи алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомил шудааст. Дар ин эътилоф Амрико, кишварҳои Аврупо ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон узвият доранд.

Зимнан, дар авохири моҳи декабри соли гузашта Арабистони Саудӣ низ дар мавриди таъсиси Эътилофи алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ҷумлаи кишварҳои мусалмон хабар дода буд.