Фаъоли маҳкумшудаи қазоқ “сабукӣ” мехоҳад

Имрӯз аризаи фаъоли ҷамъиятии маҳкумшуда Серикҷон Мамбеталин дар Қазоқистон ба зинаи шикоятии додгоҳи шаҳрии Алмаато ирсол мешавад.

Дар ин бора ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ вакили Мамбеталин Ёрмурод Муканов хабар дод. Вакил гуфт, фаъоли қазоқ дар ин ариза айбҳои эълоншударо эътироф кардааст.

Шаби ҷумъа дар саҳифаи фейсбукии Серикҷон Мамбеталин аризаи маҳкумшуда бо иқрори гуноҳ ва пӯшаймонӣ аз кардааш нашр гардид. Ин фаъоли иҷтимоӣ ҳафтае қабл бо иттиҳоми “барангехтани адоват” аз сӯи додгоҳи Алмаато 2 сол зиндонӣ шуд.

Серикҷон Мамбеталин, ки дар тӯли моҳи январ айби эълоншударо рад мекард, акнун иқрор мешавад, ки назарашро дигар кардааст ва аз мардум мехоҳад, аз аризаи вай дар мавриди сабук кардани ҳукм ва раҳо шудан аз зиндон пӯштибонӣ кунанд.

“Ман аз иштибоҳҳоям комилан пӯшаймонам ва дарк мекунам, ки танҳо ҳамдардии шумо ба ман умеди раҳо шудан аз зиндонро мебахшад. Ман аллакай барои худ дарси ибратомӯз гирифтам. Ва ин дарс барои ҳама намуна аст”, - омадааст дар аризаи Мамбеталин.

Ҳамроҳ бо Серикҷон Мамбеталин зимни ин парванда фаъоли ҷамъиятии дигар Ермек Наримбоев 3 сол зидонӣ шуд. Ин ду фаъоли ҷамъиятӣ барои бознашри пораҳое аз китоби “Шамоли кӯча” дар саҳифаҳои худ дар Фейсбук маҳкум шуданд. Муаллифи китоби “Шамоли кӯча”, фаъоли дигари ҷамъиятӣ Мурод Телибеков мегӯяд, ин пораҳо дар китоби вай ҷой надоранд.

“Дар сурати ҳалли мусбат пайдо кардани мушкилиам, ман бо дарки масъулият, ошкоро изҳор медорам, ки фаъолияти сиёсиву иҷтимоиро қатъ карда, ба нигоҳубини хонавода, кӯдакон ва волидайнам машғул мешавам”, - омадааст дар аризаи Мамбеталин.