Ҳизби озодии мардумӣ ё ПАРНАС-и Русия изҳори омодагӣ кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2018 аз номзадии Григорий Явлинский ҳимоят мекунад, агар ҳизби “Яблоко” ризоят диҳад, ки барои интихоботи порламонии қарибулвуқуи Думаи Давлатӣ дар чаҳорчӯбаи ПАРНАС феҳристи ягона ташкил мекунанд.
Дар ин бора Иля Яшин-муовини раиси ПАРНАС ба матбуот хабар додааст. Ба ақидаи вай, феҳристи ягона имкон медиҳад, ки онҳо аз монеаи панҷдарсадӣ бигзаранд ва дар порламон ақалияти порламонӣ ташкил диҳанд.
29 январ ПАРНАС изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳизби “Яблоко”-ро дигар рақиби худ намешуморад ва пешниҳод кардааст, ки барои ширкат дар интихоботи Думаи Давлатӣ пойгоҳи ягона ташкил диҳанд.
Ҳизби “Яблоко” аз омодагии худ барои иттиҳоди сиёсӣ хабар додааст ва гуфтааст, ба шарте чунин иттиҳод ташкил хоҳад шуд, ки агар ПАРНАС Ёддошти “Яблоко”-ро қабул кунад ва аз номзадии Явлинский дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дастгирӣ намояд.