Сарвар Бахтӣ – сардори шӯъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО раҳбари хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия таъин шуда, дар ин мақом Муҳаммади Эгамзодро иваз кардааст. Дар ин бора ба Озодӣ рӯзи 1 феврал аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки Эгамзод дар риштаи дипломатӣ ба кораш идома хоҳад дод, аммо ҳоло мақоми наваш эълон нашудааст.
Ӯ аз аввали соли 2000-ум дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав кор мекард. Муҳаммади Эгамзоди 47-сола зодаи шаҳри Исфара буда, Академияи дипломатии Вазорати корҳои хорҷии Русияро хатм кардааст. Раҳбарии ширкати ҳолдингии “Таҷинфо”-ро низ бар дӯш дошта, аз соли 2002 боз дар Маскав нашрияи "Тоҷикони Россия"-ро ба чоп мерасонад.
Сарвар Бахтӣ, раҳбари нави хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия дар гузашта дар раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст.