Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон як шаҳрванди афғон ба гумони қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ дастгир шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин афғони 16-сола, сокини вулусволӣ ё ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ба гумони даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир боздошт гардидааст.
Дар назди фарди боздоштшуда 3 килову 770 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш ва як таппончаи тамғаи "ПМ" кашф ва мусодира шудааст.