Таблиғи ҷавононбар зидди мубаллиғони ДИ

Ҷавонони фаъоли Қирғизистон ва Башқордистон барои мубориза бо таблиғи созмони террористии “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иттифоқи интернетӣ таъсис медиҳанд.

Ҷузъиёти ин иттифоқ тавассути гуфтушуниди интернетии “Бишкек-Уфа” баррасӣ мешавад.

“Мо метавонем маркази иттилоотӣ, монанд ба як иттифоқро таъсис диҳем, ки ба ҷамъоварии иттилоъ дар бораи мубаллиғон сару кор дошта бошад. Ҳамчунин бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гуруҳ таъсис дода шавад ва арзишҳои исломи ростин таблиғ гардад”, - мегӯяд донишҷӯи Академияи идораи давлатӣ Амонат Султонғозиев.

Коршиносон ва ширкатдорони ин гуфтушунидҳои видеоӣ масолии марбут ба тундгаро шудани ҷомеа, сабабҳои гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва тадбирҳои муассири мубориза бо ДИ дар шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ карданд.

Бино бар иттилои ВКД Қирғизистон, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ наздики 500 шаҳрванди ин кишвар қарор дорад.