Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ дар миёни кишварҳои бештар ришвахор ҷой гирифтаанд. Афғонистону Туркманистон ва Узбакистон кишварҳои ғайришаффоф арзёбӣ шудаанд.
Дар ин бора созмони байналмиллалии назорат бар вазъи ришвахорӣ гузориш додааст. Гурӯҳи байналмиллалии назорат мегӯяд, мардум дар саросари ҷаҳон дар соли 2015 ба ҳукуматҳо нишон доданд, ки онҳо бояд бештар шаффоф бошанд, бо ришвахории густарда, ки баъзе кишварҳо домангири он ҳастанд ва рушди онҳоро бозмедорад, бояд мубориза баранд.
Трансперенсӣ Интернешенал ё Шаффофияти байналмиллалӣ вазъро дар 168 кишвар ба баррасӣ гирифтааст. Дар гузориши соли 2015, ки 27 январ ба нашр расид, Дания кишвари камтар аз ҳама ришвахор шинохта шудааст. Соли гузашта Финландия ин мақомро ишғол мекард. Бадтарин кишварҳои ришвахор дар ҷаҳон Сомалӣ ва Кореяи Шимолӣ дониста шудаанд.
Афғонистон низ дар миёни кишварҳои бадтарин ҷой гирифтааст ва дар зинаи 166 қарор дорад. Туркманистон дар зинаи 156, Узбакистон дар зинаи 153 мебошанд.
Тоҷикистон дар паҳлӯи Нигерия дар зинаи 136 ҷой гирифтааст. Қирғизистону Қазоқистон баробар дар зинаи 123 қарор доранд. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷадвали ришвахорӣ дар зинаҳои поёнӣ ҷой гирифтаанд.