Аъзои ситоди доимамалкунандаи назди додситони кулли Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти амниятии Туркия як ҷангҷӯи тоҷики созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро баъди бозгашташ аз Ироқ дар Туркия боздошт карда, ба мақомоти Тоҷикистон супурданд. Мақомот мегӯянд, Рамазон Бозоров, сокини ноҳияи Темурмалик, ки дар Русия муҳоҷири корӣ буд, моҳи майи соли 2015 бо ташвиқи як шаҳрванди Туркия ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» гароидааст. Садриддин Сироҷзода, додситони ноҳияи Темурмалик, ба хабарнигорон гуфт, ки Рамазон Бозоров панҷ моҳ дар Ироқ бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар амалиётҳои мусалаҳона иштирок кардааст.
“Ин нафар ҳоло дар ҳабс дар қарор дорад. Ӯро 8 декабр ба Тоҷикистон оварда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло ин парванда дар баррасии додгоҳ қарор дорад. Нафаре, ки ӯро ба Туркия даъват карда буд, худаш узви гурӯҳи “Давлати исломӣ будааст,”--гуфт Садриддин Сироҷзода. Аммо ин мақоми тоҷик дақиқан нагуфт, ки ҳадафи бозгашти Рамазон Бозоров аз Ироқ ба Туркия чӣ буд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди 900 шаҳрванди ин кишвар дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрав меҷанганд ва то имрӯз 150 тани онҳо кушта шудаанд.