Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар сӯҳбат бо доираҳои тиҷоратӣ дар Рум гуфт, ки Эрон амнтарин ва босуботтарин кишвари минтақа аст. Мулоқоти ӯ бо раҳбарони ширкатҳои бузурги Италия рӯзи 26 январ, дар чаҳорчӯби сафари чаҳоррӯзааш ба Рум ва Порис, сурат гирифт.
Ин нахустин сафари давлатии раисиҷумҳури Эрон ба Аврупо дар тақрибан ду даҳсолаи ахир аст. Як ҳадафи сафари Рӯҳонӣ ба Аврупо – ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар пас аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ дар робита ба созиши ҳастаӣ мебошад. Таҳримҳо рӯзи 16 январ баъд аз як гузориши МАГАТЭ, Бунёди байнулмилалии нерӯҳои ҳастаӣ, аз байн бардошта шуданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 26 январ дар Твиттер навишт, ки нахуствазири Италия Маттео Рензӣ ба хотири густариши робитаҳои иқтисодӣ моҳҳои наздик ба Эрон сафар мекунад. Президенти Эрон ҳамчунин дар Вотикан бо Попи Рум Франсиск дидору гуфтугӯ дошт, ки тайи се соли фаъолияташ дар ин мақом пайваста ба бартарии миёнҷигариву муколама дар рафъи низоъҳо таъкид мекунад.