Музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева рӯзи 29 январ шурӯъ мешавад. Дар ин бора фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура рӯзи душанбе, 25 январ хабар дод.
Музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева бояд рӯзи 25 январ шурӯъ мешуд, аммо бар асари ихтилофи назари Русияву Эрон ба гурӯҳҳое, ки аз мухолифини ҳукумати Димишқ намояндагӣ мекунад, ба таъхир уфтод.
Де Мистура изҳор намуд, ки даъватномаҳо ба мухолифин рӯзи 26 январ фиристода мешаванд. Ӯ афзуд, ки дар музокирот бо миёнҷигарии СММ аввал ба рӯи имкони оташбаси густурда ва афзоиши кӯмаки башарӣ ва сипас ба масоили таҳияи Қонуни асосӣ ва интихоботи оянда дар Сурия тамаркӯз хоҳад шуд.
Аз ин пеш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ҳам гуфта буд, ки гуфт, ки тайи як-ду шабонарӯзи наздик ба санаи баргузории музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева рӯшанӣ андохта мешавад.
Бар асари низоъ, ки панҷ сол боз дар Сурия идома дорад, тақрибан 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 11 миллион аз суриягиҳо манзилҳои худро тарк намуданд.