Раҳмон: Қурб "давлатӣ" ва "бозорӣ" набояд бошад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори таъини ҷазои сахттар барои берун бурдани ҳаҷми зиёди асъори хориҷӣ аз кишвар ва ивази доллар дар кӯчаҳо шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дар машварати кории 22 январ таъкид карда ва коҳиши қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, бахусус долларро "сунъӣ" ва "кори доираҳои алоҳидаи манфиатдор" номидааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки "мафҳуми “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. Қурб бояд якто бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллӣ муайян ва танзим карда шавад.”

Бар илова ӯ хостааст, тамоми амалиёти харидуфурӯш дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ сурат бигирад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар охир Эмомалӣ Раҳмон "барои таъмини фаровонию арзонӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар дастур додааст".