Додситонии кулли Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвараш ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир муттаҳам шудааст, ба Тоҷикистон истирдод кардааст.
Дар торнамои додситонии шаҳри Маскав омадааст, Неъматулло Низомови 33-сола дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳое чун “қочоқи маводди мухаддир ба манзури фурӯш” ва ҷароими дигари вобаста ба маводди мухаддир аз соли 2012 бад ин сӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Дар моҳи апрели соли гузашта Неъматулло Низомов дар минтақаи Тротскии шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони умури дохилаи ин шаҳр боздошт шуда ва ба асоси тасмими Додситонии кулли Русия ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст.