Хадамоти приставҳои вилояти Свердловск мегӯяд, дар тӯли соли 2015 аз ҳудуди ин вилоят беш аз 1600 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд, ки ин назар ба як соли қабл 36 дарсад бештар аст. Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфт, бештар аз ҳама – 648 нафар – аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳамин тавр, аз вилояти Свердловск дар соли гузашта 595 муҳоҷири узбак ва 309 шаҳрванди Қирғизистонро берун кардаанд.
Хадамоти муҳоҷирати вазорати кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 18 январ хабар дод, ки бино ба омори ин идора, то 1 январи соли 2016 шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Ин афрод н имкони бозгашт ба Русияро барои 3-5 сол аз даст додаанд.