Абдулло Ҳабибулло, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, аз болои 32 донишҷӯе, ки соли гузашта ин мактаби олиро хатм карда, аммо ба ҷои кор ҳозир нашудаанд,ба додгоҳи шаҳри Кӯлоб шикоят бурдааст.
Гуфта мешавад, ин донишҷӯён тариқи буҷавӣ таҳсил карда, бояд пас аз хатми донишгоҳ ба маҳалли кори таъйиншуда мерафтанд. Ба гуфтаи ректори донишгоҳ, , парвандаи ин афрод дар ҳоли бозрасӣ қарор дорад.
Бар пояи муқаррароти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сурати аз рӯи ихтисос фаъолият накардани донишҷӯёни пешин онҳо муваззафанд пули чор соли таҳсил (2500 сомонӣ)-ро пардохт кунанд. Танҳо пас аз ин онҳо соҳиби диплом шуда, ҳаққи дар маҳали дилхоҳи худ кор карданро пайдо хоҳанд кард.