Озарбойҷону Арманистон- ду кишвари рақиб дар Қафқоз аз лағви таҳримҳои зидди Эрон истиқбол карданд. 18 январ вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон гуфт, иҷрои тавофуқоти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ барои рушди ҳамкориҳои судманди Боку бо “мардуми дӯсту ҳамсояи Эрон нируи тоза мебахшад”.
Эдуард Наълбандиён-вазири корҳои хориҷаи Арманистон низ аз лағви таҳримҳо истиқбол кард ва гуфт, кишвараш омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Эрон густариш диҳад.
16 январ Ожонси Байналмилаллии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ эълон кард, ки Эрон ҳамаи ваъдаҳояшро бар асоси мувофиқатномаи ҳастаии моҳи июли соли 2015 бо шаш қудрати ҷаҳонӣ иҷро кард ва заминаи аз миён бардоштани таҳримҳои СММ, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупоро фароҳам сохт.