Сарчашмаҳои дипломатӣ дар Рум мегӯянд, ки Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон ба нақша гирифтааст, ки ҳафтаи оянда бори аввал баъд аз лағви таҳримҳо аз Иатлия ва Фаронса боздид кунад.
Мақомоти Италия гуфтанд, ки Рӯҳонӣ тибқи пешбиниҳо рӯзҳои 25-26 январ аз Италия ва 27 январ аз Порис боздид мекунад.
Дар барномаи боздиди вай мулоқот бо раиси ҷумҳур ва нахуствазир ва ҳамчунин бо гурӯҳи раҳбарони бахши тиҷорат дар назар гирифта шудааст. Рӯҳонӣ ҳамчунин 26 январ мулоқот бо Франсис-попи Румро ба нақша гирифтааст.
Ин боздид аслан барои моҳи ноябр дар назар гирифта шуда буд, вале баъд аз ҳамлаҳои террористии тундравҳои исломӣ дар 13 ноябр дар Пориси Фаронса ба таъхир гузошта шуд.