Ихроҷи 200 муҳоҷир аз вилояти Вологда

ФМС- Хадамоти федеролии Русия – мегӯяд, дар тӯли соли 2015 танҳо аз вилояти Вологда 200 муҳоҷири хориҷиро ба далели нақзи қоидаҳои кору иқомат дар Русия ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо, ба гуфтаи бахши вилоятии ФМС, аз Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Гурҷистон будаанд. Сергей Жестянников, раиси идораи муҳоҷирати вилояти Вологда рӯзи 15 январ гуфт, ба сурати умум, ихроҷи муҳоҷирон аз ҳудуди ин вилоят дар соли гузашта назар ба як соли қабл 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 315 000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба далели ҳукми ихроҷашон аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шудаанд.