Дар Сурияву Ироқ 30 қирғиз кушта шудаанд

Мақомоти расмии Қирғизистон гуфтаанд, ки соли гузашта бештар аз 30 нафар шаҳрвандони онҳо дар даргириҳои Сурияву Ироқ кушта шудаанд. Онҳо як ҷо бо тундравҳои Давлати Исломӣ меҷангиданд.

Стоблек Раҳмонов-вазири корҳои дохилаи Қирғизистон 15 январ гуфт, 508 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар давоми соли 2015 ба гурӯҳҳои мухталифи Давлати Исломӣ пайвастаанд. 387 нафари онҳо мард ва 212 нафар зан будаанд. Дар миёни онҳо 83 кӯдак ва наврасони то синни 18 сола низ будаанд.

Бино ба суханони Раҳмонов, соли гузашта 40 нафар шаҳрвандони Қиризистон аз Сурияву Ироқ баргаштаанд, 33 нафари дигар дар ҷангҳо кушта шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон ва кишварҳои дигари мусулмоннишини Осиёи Миёна мегӯянд, садҳо нафар шаҳрвандони онҳо як ҷо бо тундравҳои Давлати Исломӣ ва тундравҳои дигар дар Сурияву Ироқ дар ҷангҳо ширкат мекунанд.