Яке аз фаъолони ҳизби Ҷабҳаи халқии Озарбойҷон дар шаҳри Боку боздошт шуд. Турон Иброҳимро шоми чаҳоршанбе ҳангоми бозгашт аз кор дар назди манзилаш дастгир карданд.
Туғрул Иброҳим, бародари ӯ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 14 январ гуфт, ки дар боздошти Турон дасти кам ҳафт корманди полис ширкат доштанд. Ӯ ба идораи полиси ноҳияи Наримони Боку интиқол ёфт ва дар муқовимат бо кормандони полис айбдор шуд.
Боздошти яке аз фаъолони ҳизби мухолифи давлат дар ҳоле сурат гирифт, ки дар чанд шаҳри Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе намоишҳои эътирозӣ алайҳи бекорӣ ва афзоиши нарху навои маводи озуқа баргузор шуданд.
Турон Иброҳим узви раёсати ҷавонони ҳизби Ҷабҳаи халқист. Падари ӯ – Муҳаммад Иброҳим, ки мушовири раиси ин ҳизб буд, аз моҳи сентябри соли гузашта бо иттиҳоми авбошӣ дар боздоштгоҳ аст. Муҳаммад Иброҳим иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳабси ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.