Ҳалокати шаш кас дар ҳамла ба полиси Чинор

Бар асари ҳамла ба қароргоҳи полис дар шаҳри Чанор, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, шаш нафар кушта ва тақрибан 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти расмӣ рӯзи 14 январ гуфтанд, ки ҳамла шаби чаҳоршанбе сурат гирифтааст. Шаҳри Чанор дар вилояти асосан курднишини Диёрбоқир воқеъ аст.

Гуфта мешавад, ду нафар дар натиҷаи таркиш ва дигарон аз фурӯрезии бино ба ҳалокат расидаанд. Дар гузоришҳо аз ҷойи ҳодиса гуфта мешавад, ки ҳамлагарон бинои қароргоҳи полисро аз гранатомёт ва автомат тирборон карданд.

Масъулияти ҳамларо касе бар зима нагирифтааст, аммо мақомоти Туркия ангушти иттиҳом сӯи Ҳизби коргарони Курдистон намуданд, ки моҳҳои ахир чандин бор ба нерӯҳои ҳукуматӣ ва полиси турк ҳамла кардааст.

Як рӯз пеш, 12 январ, бар асари ҳамлаи маргталабона дар минтақаи таърихии Султонаҳмади Истамбул даҳ сайёҳ аз Олмон ҷон бохтанд. Мақомоти Туркия дар ин ҳодиса гурӯҳҳои тундрави “Давлат исломӣ”-ро айбдор карданд.