Бонкҳои Туркманистон фурӯши асъори хориҷиро қатъ карданд, ки ба ҷаҳиши арзиши онҳо дар бозори сиёҳ сабаб шуд.
Мардум нигаронанд, ки эҳтимол дорад базудӣ пули миллӣ беқурб шавад. Кормандони бонкҳо дар Ашқобод ба муштариён гуфтанд, манъи фурӯши доллар бемуҳлат аст.
1 январи соли гузашта Туркманистон, ки маҳсулоти асосии содиротиаш гази табиӣ аст, боиси беқурбшавии манат гардид. Он замон манат 19 фоизи арзиши худро аз даст дод. Дар кишвар сару садоҳое дар бораи эҳтимоли коҳиши бамаротиби қурб паҳн мешавад, ки сабаби талаботи зиёд ба асъори хориҷӣ шудааст.
Гуфта мешавад, дар бонкҳои кишвар барои харидории арзи хориҷӣ навбатҳои тӯлонӣ пайдо шудааст. Ба иттилои хабаргузории АР, 12 январ дар бозори сиёҳ қимати доллар аз 4 то ба 4,2 манат афзоиш ёфт.