Боздошти 3 шаҳрванди Русия дар Туркия

Шаҳри Анталия

Гузоришҳои расида аз Туркия ҳокист, ки 3 шаҳрванди Русия ба гумони иртибот бо гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ боздошт шудаанд.

Хабаргузории Доган 13 январ гузориш дод, ки пулиси шаҳри Анталия ҳангоми бозрасӣ дар хонаҳое, ки боздоштшудаҳо зиндагӣ мекарданд, ҳуҷҷатҳо ва СД-ҳоро мусодира кардааст.

Иддао мешавад, ки гумонбаршудагон бо тундравҳои Давлати Исломӣ дар минтақаҳои муноқиша иртибот доштаанд ва ба онҳо кӯмакҳои лужистикӣ мекардаанд.

Консулгарии Русия дар Анталия таъйид кардааст, ки се шаҳрванди ин кишвар боздошт шудаанд ва сабаби боздошти онҳо таҳқиқ мешавад.

Ин боздоштҳо баъд аз як рӯзи куштори 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ рух додааст. Куштор дар ноҳияи Султонаҳмади Истамбул рух дод ва онро эҳтимолан аъзои гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ анҷом додаанд. Дар ин ҳамла 15 нафари дигар маҷруҳ шуданд.