Интиқод аз кори Total ва Tethys дар кони газу нафти Бохтар

Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи тоҷик

Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи тоҷик, гуфт, ки кори ширкатҳои Total, CNPC ва Tethys Petroleum дар кони газу нафти Бохтар дар ҷануби кишвар ғайриқанотбахш аст.

Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи тоҷик, рӯзи 12 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки кори ширкатҳои Total, CNPC ва Tethys Petroleum дар кони газу нафти Бохтар дар ҷануби кишвар ғайриқанотбахш аст. Ӯ афзуд, ки ин ширкатҳо дар асоси созишнома ҳанӯз аз соли 2013 муҷаввизи "гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ"-ро дар Бохтар ба даст оварда, вале ҳанӯз пешрафти чашмрас надоштаанд.

Бино бар ин, ба таъкиди ӯ, ширкатҳои Total, CNPC ва Tethys Petroleum дар соли ҷорӣ бояд 25 дарсади мавзеъҳои нафту газро ба ҳукумати Тоҷикистон бозпас диҳанд.

Ширкати Tethys Petroleum соли 2013 бо ширкатҳои чинии CNPC ва Total-и фаронсавӣ шартнома ба имзо расонд, ки бар асоси он саҳмияҳои "Бохтар оперейшнз" - ширкати истихроҷкунандаи кони Бохтар 33-дарсадӣ байни онҳо тақсим карда шуд.

Аммо моҳи сентябри соли гузашта CNPC ва Total аз Tethys Petroleum талаб карданд, ки аз ин лоиҳа хориҷ шавад. Коршарикони Tethys Petroleum ба хотири иҷро накардани вазифаҳо ва қарздориаш аз "Бохтар опрейшнз" дар назди он "ултиматум" гузоштанд.

Коршарикон аз Tethys талаб карданд, ки 1,28 миллион долларро ба "Бохтар оперейшнз" дар моҳи сентябри соли 2015 пардохт кунад ва ё "ҷойро холӣ" намояд. Қарзи ин ширкат ба сурати умум 2,06 миллион долларро ташкил медодааст. Дар ин асос Total ва CNPC аз Tethys дархост кардаанд, ки аз ин қарордод берун шуда, саҳмияҳои худро дар ихтиёри ин ду ширкат қарор бидиҳад.

Намояндагони Tethys мегӯянд, ки барои ҳимояти манфиатҳои худ дар ин тарҳ аз ҳамаи роҳҳои имконпазири тиҷоратӣ истифода мекунанд.

Tethys дар Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият мекунад. Дар охири моҳи июли соли 2012 ин ширкат эълом дошт, ки бо ҷустуҷӯи геологӣ дар Тоҷикистон миқдори зиёди нафту газ ошкор шудааст. Кони Бохтар метавонад 3,22 триллион метри муккааб газ ва 8,5 миллиард бушка нафт дошта бошад.

Ин ширкат аз ибтидои солҳои 2000-ум дастбакор шуда, фаъолияташ рӯи корҳои иктишофӣ ва истихроҷи нафту газ дар 3 кишвари пасошӯравӣ – Гурҷистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон тамаркуз кардааст. Исми ин ширкат – Tethys – бино ба маълумоти сомонаи расмиаш, аз исми уқёнусест, ки бовар меравад, қаламрави кунунии Осиёи Марказӣ 250 миллион сол пеш зери обҳои ин уқёнус қарор дошт.