"Маошу нафақа моҳи июн боло бурда мешавад"

Худойбердӣ Холқиназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ки маош ва нафақаи сокинони кишвар дар тобистони соли ҷорӣ боло бурда хоҳанд шуд. Ӯ дар ин бора рӯзи 11 январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Ӯ гуфт, ин ки маошу нафақа дар моҳи сентябри соли гузашта боло бурда нашуд, ба мушкилоти молӣ рабт дошт. "Аммо дар моҳи июн ва июли соли 2016 маош баланд бардошта хоҳад шуд," -- таъкид кард ӯ.

Холиқназарзода афзуд, дар пайи он ки соли гузашта маошу нафақа боло бурда нашуд, мақомот низ талош кардаанд, то аз болоравии нархи маҳсулот ҷилавгирӣ кунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта дар паёми солонаи худ ба парлумон ваъда кард, ки аз моҳи сентябр маоши кормандони буҷавиро афзоиш хоҳад дод. Вале моҳи октябри соли 2015 вазири молия гуфт, ба далели буҳрони молӣ иҷрои ин тасмим ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шудааст.