Эътилофи шаш кишвари Халиҷи Форс алайҳи Эрон

Акс аз бойгонӣ

Шӯрои ҳамкории шаш кишвари Халиҷи Форс, ки аз гурӯҳи кишварҳои суннимазҳаб иборатанд, дар моҷари бархоста миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон аз аввалӣ ҳимоят кардаанд.

Шӯрои ҳамкории шаш кишвари Халиҷи Форс дар моҷароҳои дипломатии миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳимояти худро аз аввалӣ баён доштаанд. Вазирони корҳои хориҷии ин шаш кишвари асосан суннимазҳаб рӯзи 9 январ дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Риёз ҷамъ омада, бо пахши изҳороти расмӣ гуфтанд, ки дахолати Эрон ба корҳои Арабистони Саудиро маҳкум кардаанд.

Одил Ҷубайр -- вазири корҳои хориҷии Саудӣ дар ин ҷаласа Эронро барои ҳимоят аз терроризм муттаҳам карда ва гуфтааст, ки “агар рақиби минтақаиаш сиёсатҳои кунунии худро ҳамчунон идома диҳад”, дар он сурат шоҳигарии Саудӣ “тадбирҳои иловагӣ” хоҳад андешид.

Моҷароҳои дипломатии миёни Риёз ва Теҳрон моҳи ҷорӣ баъд аз он шуруъ шуд, ки Риёз рӯҳонии машҳури шиа Нимр ан-Нимрро эъдом кард. Ба дунбол, гурӯҳе аз норозиён дар Теҳрон ба сафоратхонаи Саудӣ ҳамла бурданд ва Саудӣ дар ҷавоб робитаҳои дипломатӣ ва баъзе робитаҳои тиҷоратии худро бо Эрон қатъ кард. Чанд кишвари ҳампаймони Саудӣ низ даст ба ҳамин кор даст заданд.

Дар мусоҳибае бо Иля Ҷазоирӣ, хабарнигори бахши Фардои Радиои Озодӣ дар кишварҳои Халиҷ пурсидем, баъд аз ин ҳамоишҳову машваратҳои шаш кишвари Халиҷи Форс Эрон аз мавзеъгириҳои худ ақибнишинӣ нахоҳад кард ва нармиш нишон нахоҳад дод?

Ҷазоирӣ: “Ҳоло бӯҳрон ба авҷи худ расидааст. Ба назар намерасад, ки Саудӣ ва ҳампаймонҳояш дар пайи ҷанг бо Эрон бошанд. Инро аз сӯҳбатҳои шоҳзода Муҳаммад Салмон - валиаҳд ва вазири дифои ин кишвар мешавад фаҳмид, ки ҷанги миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ барои онҳо фоҷиа аст. Мумкин аст, ин ду кишвар иқдомоти дигари дипломатиро рӯи даст бигиранд. Аммо баъд аз ин бӯҳроне, ки то ба ҳадди қатъи равобит расидааст, ба миёнҷигариҳо ниёз дорад, ки эҳтимол аз сӯи кишварҳои дигар шояд сурат бигирад. Ҳадс зада мешавад, ки Эрон то ҳадди имкон саъй мекунад, дар мавзеъгириҳои худ роҳҳои дигарро пайдо намояд. Аммо то ҳол дар ин бора чизе мушаххас нест. Ин масъала ба масъалаҳои дохилии Эрон ҳам марбут аст, барои он ки ба хотири моҷарои ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистони Саъудӣ дар Эрон, бузургтарин касе, ки аз он осеб дидааст, давлати Ҳасан Рӯҳонӣ -- раиси ҷумҳури Эрон дар арсаи дипломатӣ мебошад, давлате ки ба тавофуқи ҳастаӣ даст ёфтааст. Аммо ҳамлае, ки ба сафорату консулгарӣ сурат гирифтааст, аз сӯи ҷиноҳе анҷом гирифтааст, ки мухолифи давлати Рӯҳонӣ аст ва бо ин кор давлати Рӯҳонӣ дар арсаи дипломатӣ ҳам дучори мушкил шудааст. Касоне, ки ҳамларо анҷом доданд, ононе ҳастанд, ки дар дохили Эрон мухолифи тавофуқоти ҳастаии Эрон бо шаш қудратӣ ҷаҳонӣ буданд.”

Суол: Ба ҳар ҳол, бархурди Эрон бо эътилофи зиддитеррористӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ чӣ гуна аст?

Ҷазоирӣ: “Эрон аз ташкили ин эътилоф истиқбол накард. Дар мавзеъгирии аввали худ онро “эътилофи беҳуда” донист. Аммо Арабистони Саудӣ дар талоши он аст, ки шумораи бештари кишварҳоро барои пайвастан ба ин эътилоф ташвиқ кунад. Эрон узви ин эътилоф нест ва ба назар намерасад, ки кишварҳои узви ин эътилоф қасд дошта бошанд, ки бо Эрон дар чунин марҳила пешниҳоди вуруд ба ин эътилофро кунанд. Онҳо мунтазир мемонанд, то мавзеъгирии Эрон тағйир ёбад, чунки кишварҳои аслие, ки дар раъси ин эътилоф ҳастанд, баъзе гурӯҳҳоро дар Эрон гурӯҳи террористӣ медонанд. Агар ин эътилоф фаъол шавад ва фаъолияти бисёр муасссир дошта бошад, дар он сурат нақше, ки Эрон дар солҳои охир тавонист бар уҳда бигирад ва дар кишварҳои мухталиф худашро ба унвони кишваре нишон диҳад, ки бештарин таъсирро дар мубориза бо гурӯҳҳои тундрави исломгаро дорад, ин нақш бисёр коҳиш пайдо мекунад.”

Суол: Вазири дифои Арабистони Саудӣ аз Покистон боздид кард ва дар он ҷо танишҳои дипломатии миёни Саудиву Эрон ва ташкили эътилоф баррасӣ шуд. Фикр мекунед, ки Покистон вориди ин эътилоф мешавад ва он бар зарари Эрон нахоҳад буд?

Ҷазоирӣ: “Покистон кишварест, ки аз артиши қавӣ ва аслиҳаи қавӣ бархӯрдор аст. Агар вориди эътилоф шавад, дар минтақа инзивои Эрон бештар мешавад. Барои ҳамин Саудӣ дар ин арса талошҳояшро пеш мебарад. Вазири дифои Саудӣ рӯзи 9 январ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд ва барои тақвияти заминаҳои ҳамкориҳои бештар ҳамаи ройзаниҳоро анҷом дод. Акнун ба Покистон рафтааст. Саудӣ ин талошҳояшро идома медиҳад ва агар ин талошҳо натиҷа диҳанд, инзивои Эрон дар минтақа бештар мешавад.”

Суол: Дар эътилофе, ки Арабистони Саудӣ ташкил мекунад, кадом кишварҳо дохил мешаванд ва баръакс аз мавзеъгириҳои Эрон кадом кишварҳо ҷонибдорӣ мекунанд?

Ҷазоирӣ: “Кишварҳои аслие, ки дар эътилоф бо Арабистони Саъудӣ ҳастанд, кишварҳои халиҷи Форс мебошанд. Инҳо сутуни эътилофро ташкил медиҳанд. Миср ва Туркия ҳам ҳастанд. Агар Покистон ҳам ба инҳо бипайвандад, яке дигар аз кишварҳои аслии эътилоф хоҳад буд. Аммо эътилофе, ки Эрон дар пайи он буд ва ҳаст, ба ҷуз аз худаш давлати Сурия ва давлати Ироқ аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳе ҳастанд, ки дар минтақа ҳузур доранд. Эрон дар паи ин буд, ки Русия ҳам ба навъе дар эътилоф нақш хоҳад дошт, вале дар рӯзҳои охир шоҳид ҳастем, ки дар бораи Русия роҷеъ ба ин мавзӯъ ахбори камтар ба нашр мерасад. Албатта, Эрон ором нахоҳад нишаст ва талош хоҳад кард, ки муттаҳидони худро гирдиҳам орад, барои он ки аз ин вазъият барояд. Аммо дар ниҳоят ду тараф ба самти муомила пеш хоҳанд рафт, барои он ки идомаи таниш бар зарари ҳама хоҳад буд.”