Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Эъдомҳо дар Арабистони Саудӣ кори дохилии он кишвар аст"


Туркия дар робита ба таниш миёни Ар-Риёз ва Теҳрон аз Эрон интиқод карда ва гуфтааст, ки эъдомҳои ахир дар Арабистони Саудӣ кори дохилии он кишвар аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи чаҳоршанбе барои нахустин бор дар мавриди эъдоми 47 тан дар Арабистони Саудӣ, аз ҷумла рӯҳонии саршиноси шиа Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр изҳори назар кард ва онро "масъалаи дохилӣ"-и Арабистони Саудӣ донист.

Оқои Эрдуғон дар суханронии худ дар Кохи раёсати ҷумҳури Туркия бо интиқод аз ҳукумати Эрон, хомӯшӣ дар баробари кушта шудани беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Сурияро маҳкум кард. Ба гузориши хабаргузории туркии "Анатолия", раиси ҷумҳури Туркия бо "қотил" хондани Башор Асад, Эронро пуштибони ошкор ва пинҳонӣ вай хонд, ки бо кӯмаки молӣ ва низомӣ аз ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳамла ба сафоратхона консулгарии Арабистонро "дар робитаҳои байналмилалӣ ғайри қобили қабул" хонд ва аз мақомҳои Эрон, ки ба гуфтаи ӯ чораҳои заруриро барои ҳифзи ниҳодҳои дипломатӣ рӯи даст нагирифтаанд, интиқод кардааст. Туркия қаблан эълом карда буд, ки барои миёнҷигарӣ дар ҳалли бӯҳрони пешомада миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон омода аст.

Равобити Риёзу Теҳрон баъди эъдоми шайхи шиамазҳаб Нимр ан-Нимр дар ҳафтаи гузашта ба сардӣ гароида, рӯзи шанбе эътирозгарони эронӣ болои бинои сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ҳамла карданд. Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятулло Хоманйӣ даъват кард, ки режими Арабистони Саудӣ барканор карда шавад. Дар ҷавоб Арабистони Саудӣ равобити дипломатӣ ва тиҷораташ бо Эронро қатъ кард.

Дар пайи таниш миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон, Ар-Риёз ҳама дипломатҳои эрониро муҳлат дод, ки зарфи 48 соат қаламрави он кишварро тарк кунанд. Бархе аз кишварҳои ҳампаймони Арабистони Саудӣ ба нишони эътироз сафирони Эронро ихроҷ карданд ва муносибатҳои дипломатии худро бо Теҳрон қатъ карданд. То ба ҳол Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Судон ва Ҷибутӣ бо Эрон қатъи равобити дипломатӣ намуда ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Урдун равобити дипломатии худ бо Теҳронро коҳиш додаанд.

XS
SM
MD
LG