Шӯрои ҳамкории шаш кишвари Халиҷи Форс дар моҷароҳои дипломатии имёни Арабистони Саъудиву Эрон ҳимояти худро аз Арабистони Саъудӣ изҳор доштанд ва он гуна, ки худашон мегӯянд, мудохилаи Эрон ба корҳои дохилии Арабистони Саъудиро маҳкум карданд.
Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ки аз гурӯҳи кишварҳои суннмазҳаби шоҳигарӣ иборат аст, дар як ҷаласаи фаврӣ дар Риёз 9 январ изҳороте пахш карданд. Онҳо дар ин ҷаласа афзоиши танишҳои миёни Саъудӣ ва Эронро, ки аслан кишвари шиамазҳаб аст, баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Одил Ҷубайр-вазири корҳои хориҷаи Саъудӣ Эронро барои ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард ва гуфт, ки “агар рақиби минтақаиаш сиёсатҳои кунунии худро ҳамчунон идома диҳад”, дар он сурат шоҳигарии Саъудӣ “тадбирҳои иловагӣ” хоҳад андешид.
Моҷароҳои дипломатии миёни Риёз ва Теҳрон моҳи ҷорӣ баъд аз он шуруъ шуд, ки Риёз як рӯҳонии машҳури шиаро эъдом кард.
Гурӯҳе аз норозиён дар Теҳрон ба сафоратхонаи Саъудӣ ҳамла бурданд ва Саъудӣ дар ҷавоб робитаҳои дипломатӣ ва баъзе робитаҳои тиҷоратии худро бо Эрон боздошт. Чанд кишвари ҳампаймони Саъудӣ низ даст ба ҳамин кор заданд.