Шоҳдухтар Ашраф Паҳлавӣ, хоҳари дугоники охирин шоҳаншоҳи Эрон, дар синни 96-солагӣ дар ИМА аз олам даргузашт. Дар ин бора Ризо Паҳлавӣ, бародари шоҳ, рӯзи 8 январ хабар дод. Роберт Ф. Армао, мушовири шоҳдухтар, ба рӯзномаи New York Times гуфтааст, ки хонум Ашраф Паҳлавӣ бар асари пиронсолӣ дунёро тарк гуфтааст. Шоҳдухтар чун мушовири наздики бародараш Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ маъруф буд.
Бар пояи иттилои Хадамоти марказии кашфи ИМА, ки соли 2000 ошкор шуд, хонум Ашраф дар кӯмак ба Бритониё ва ИМА дар ташкили табаддулоти давлатӣ дар Эрон нақши калидӣ дошт – бар асари ин табаддулот соли 1953 нахуствазир Муҳаммад Мусадик сарнагун ва дар Эрон дубора низоми шоҳигарӣ барқарор шуд. Муҳаммад Ризо Павлавӣ ба тахти салтанатӣ нишаст.
Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 хонум Ашраф Паҳлавӣ Эронро тарк кард ва дар Порису Ню-Йорк ва Монте-Карло мезист. Ӯ китоби ёддоштҳояшро нашр кард ва баъд аз тарки Эрон чанд муддат аз чеҳраҳои шинохтаи бурунмарзии Эрон маҳсуб мешуд, вале даҳсолаҳои ахир тақрибан аз ёдҳо рафта буд.