Дар садамаҳо 449 нафар ҷон бохтаанд

kyrgyzstan_russia_accident_car-crash 26/11/15

Соли гузашта дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 449 тан ҷони худро аз даст дода, 1574 нафар маҷруҳ шудаанд. Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон 8 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дар тӯли соли гузашта дар маҷмуъ 1472 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ шумори маҷруҳони садамаҳои нақлиётӣ дар муқоиса ба соли 2014 172 нафар бештар буда, фавтидагон низ дар қиёс ба соли қаблӣ се нафар зиёд будаанд. Арзёбиҳои БДА нишон додаанд, бештари садамаҳои роҳу нақлиёт бо айби пиёдагардон сар мезанад, ки дар бештари маврид роҳро аз қитъаҳои мамнуъ убур мекунанд.

Инчунин, баланд кардани суръати мошинҳо, баромадан ба самти муқобили роҳ, "манёвр"-и нодуруст аз омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ гуфта мешаванд.