Дар назар аст, рӯзи 20 январи соли ҷорӣ ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Тоҷикистон баргузор шуда ва дар он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо паёми солона баромад кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро дар қасри "Кохи Сомон"-и шаҳри Душанбе ироа хоҳад кард.
Дар ин иҷлос дар канори вакилони мардумӣ вазирону раисони кумитаҳо, раҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳии Тоҷикистон иштирок ва ҷараёни кори иҷлос ба таври мустақим аз тариқи шабакаи телевизиони давлатӣ пахш хоҳад шуд.